18 Ноябр 2025 - 12:47
Source: ABNA
Трамп иддао кард: Қатъномаи Ғазза ба сулҳ дар ҷаҳон кумак мекунад!

Раисиҷумҳури Амрико иддао кард: Тасвиби қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Ғазза, ба густариши сулҳ дар ҷаҳон мунҷар мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Абно, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико тайи паёме дар шабакаи иҷтимоии "Truth Social", навишт: "Ба мардуми ҷаҳон барои райъи аҷиби Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ба ҳайати сулҳ табрик мегӯям."

Трамп гуфт, ки тасвиби қатъномаи Ғазза дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ба сулҳи бештар дар саросари ҷаҳон мунҷар хоҳад шуд.

Вай, зимни тақдир аз Созмони Милал, 15 кишвари узви Шӯрои Амният ва ҳомиёни ин тарҳ дар миёни кишварҳои исломӣ ва арабӣ аз ҷумла Қатар, Миср, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Туркия ва Урдун, афзуд: "Ахбори ҳаяҷоновартари дигаре дар бораи аъзои ҳайат ва масоили дигари марбут ба ин қатънома дар ҳафтаҳои оянда эълом хоҳанд шуд."

Ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал душанбе шаб ба вақти Ню-Йорк (бомдоди сешанбе ба вақти Теҳрон) дар бораи пешнависи ду қатъномаи пешниҳодии Амрико ва Русия дар бораи Навори Ғазза баргузор ва қатъномаи Иёлоти Муттаҳида дар бораи Ғазза бо 13 райъ тасвиб шуд.

13 узви Шӯрои Амният ба пешнависи қатъномаи Амрико дар бораи Ғазза райъи мусбат доданд ва намояндагони Русия ва Чин ба он райъи мумтанеъ (бетараф) доданд. Ин қатънома, заминаи қонунии лозим барои эҷоди ҳайати сулҳ ва нерӯи байналмилалии тасбитгари оташбас дар Ғаззаро эҷод мекунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha